3D-принтери портативӣ намоиш дода шуд

0
3 618 просмотров

Ширкати Ultimaker 3D-принтер Ultimaker 2 Go офарид, ки ҳаҷму вазни нисбатан калон дорад. Инчунин он ҳамчун борхалтаи китфгирак (рюгзак)мебошад, ки онро дар тахтапушт гирифтан мумкин аст, хабар медиҳад N+1.

3D-принтер аз ҷое ба ҷое бурдашаванда аст

Кашфиётчиёни Ultimaker 2 Go принтерро нисбатан мобилӣ гардониданд, ки 3D-нашрро дар байни истифодабарандагон маъмулу маъруф намоянд. Ҳаҷми дастгоҳ 25х25х28 сантиметр буда, вазнаш ҳамагӣ 6,2 килограмм мебошад. Принтер бо худ ҷилди махсусе дорад, ки барои онро аз ҷое ба ҷое гирифта бурдан пешбинӣ шудааст ва ҷилд андозаи онро каме бузургтар мегардонад.  Вале он имкон медиҳад, ки принтерро дар тахтапушт ҳамчун борхалтаи китфгирак (рюгзак) бо худ гиред.

Ҳаҷми кории Ultimaker 2 Go — 12х12х11,5 сантиметр мебошад ва ин барои офаридани  муҷассамачаҳои хурд ва қисмхои он имкон медиҳад. Принтер аз рӯйи принсипи асосие, ки дигар 3D-принтерҳои муқаррарӣ бо истифодаи технологияи қабат ба қабат сохтани  обектҳо аз ғалтаки пластика кор мекунанд, кор мекунад. Суръатнокии нашри он то 30 миллиметр дар як сония мебошад.

Принтери Ultimaker 2 Go аллакай ба фурӯш бароварда шудааст. Арзиши он 16044 сомонӣ мебошад.

https://hi-tech.mail.ru/news/ultimaker-2-go/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Чемпионат мира по футболу 2018

Чемпионат мира по футболу 2018 — 21 чемпионат мира по футболу ФИФА, финальная часть которого пройдёт в России[1] с 14 июня по 15 июля 2018 года[2]. Россия в первый раз в своей истории ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: