Сафири Тоҷикистон бо Раиси Ширкати тавсеаи манобеи об ва нерӯи Эрон вохӯрӣ намуд

0
8 410 просмотров

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода Раиси Ширкати тавсеаи манобеи об ва неруи Эрон Сайид Муҳаммадризо Ризозодаро ба ҳузур пазируфт.
Дар рафти мулоқот масоили равобити дуҷониба, аз ҷумла ҳамкорӣ дар соҳаи обу барқ ва роҳҳои таҳкиму густариши минбаъдаи он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимнан, ҷониби эронӣ дар ростои иҷрои  Протоколи нишасти даҳуми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон омодагии худро ҷиҳати ташкил ва баргузор намудани давраи омӯзишӣ барои мудирон ва коршиносони тоҷик дар соҳаи обу барқ эълом дошт.
Қарор шуд, мавзӯъ мавриди пайгирӣ қарор ва дар замина иқдомоти зарурӣ сурат бигирад.

 Манбаъ:http://khovar.tj

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

170 нафар ҳунармандони тоҷик вориди Тошканд шуданд

Ҳайати ҳунармандони  Тоҷикистон, ки дар чаҳорчӯби сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон дар пойтахти ин кишвари ҳамсоя ҳунарнамоӣ мекунанд, вориди шаҳри ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: