Дарахти зерфун (липа) барои сафедии дандонҳо

0
6 425 просмотров

Бисёриҳо барои бартараф намудани санги дандонҳо ба кӯмаки мутахассисон мешитобанд ва ё ба духтурони дандонпизишк мераванд ва пули зиёд сарф менамоянд, гарчанде ин мушкилиро худ дар хона мустақилона ҳал намудан мумкин аст.

— ба андозаи 4 қошуқи ошхона гулҳои хушки дарахти зерфун (липа) ва саллаи хушкардаи офтобпарастро (бедона), ки кӯфта шудааст, гирифта, ба зарф андозед ва ба болояш 1 литр об рехта, дар муддати 30 дақиқа ҷӯшонед. Маҳлули ҳосилшударо полида, ҳар чи зиёдтар даҳонро бо он обгардон намоед. Ин маҳлул санги дандонро мулоим намуда, оқибат бартараф менамояд. Ҳамчунин, ин маҳлули омодашуда барои милкҳои даҳон низ таъсири мусбат мерасонад ва милкҳоро пурқувват менамояд ва аз шамолзанӣ нигоҳ медорад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба даргузашти Давлатманд Холов ҳамдардӣ баён намуданд

Шаби 18 феврали соли 2024 сароянда ва оҳангсози маъруфи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Узбекистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, роҳбари ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: