Сокини шаҳри Душанбе бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт шуд

0
2 153 просмотров

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ–ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар дар назди Фурудгоҳи байналмилалии  Суғд шаҳрванд Маҳмудов Масрур Раҳматович, соли тавалудаш 1982, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Қаҳҳоров, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор, соҳиби 4 фарзанд, муваққатан бекор, бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор боздошт гардид. Дар ин бора аз Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ муайян карда шуд, ки дар дохили ҷомадони бо худ доштаи Масрур Маҳмудов махфигоҳи махсусе ба таври устокорона сохта шуда, дар дохили он як адад бастаи селофании скочпечи дорои бӯи махсус ҷойгир карда шудааст. Ҳамчунин аз кисаи рости шими дар тани Маҳмудов М. буда як адад бастачаи селофании дорои маводи кулӯхчамонанди зардчатоб бо бӯи махсус дарёфт гардид.

Муайян карда шуд, ки маводи аз Масрур Маҳмудов мусодирашуда  воситаи нашъадори навъи героин буда, вазни умумии он 3 кг 860 граммро ташкил менамояд. Зимни пурсиш Масрур Маҳмудов иқрор кард, ки мехост маводи нашъадорро бо мақсади фурӯш тавассути хатсайри ҳавоии Душанбе- Хуҷанд- Москва интиқол диҳад.

Оид ба ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд Маҳмудов Масрур Раҳматович бо моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Игры из облака: всё о новом сервисе Google Stadia

Google официально анонсировала облачный игровой сервис Stadia — «Netflix для видеоигр». Его пользователи смогут играть в игры с высококачественной графикой, используя для этого практически любой ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: