Оқибатҳои даргириҳои рӯзи гузашта пурра бартараф мешаванд

0
2 422 просмотров

Оқибатҳои даргириҳои рӯзи гузашта пурра бартараф гардида, хатти интиқоли барқ ва пулу роҳҳо таъмир карда мешаванд. Ин нукта субҳи имрӯз зимни баргузории машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фаъолони шаҳри Исфара зикр гардид.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд субҳи 30 апрел бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара бо ҳузури фаъолони шаҳру деҳоти Исфара машварати кории Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.

Дар машварат зикр шуд, ки бо ташаббуси ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон комиссия оид ба ҳалли низои мусаллаҳона таъсис ёфт.

Ҷонибҳо оқибатҳои ҳодисаро муҳокима карданд ва тибқи мувофиқа, даргириҳои мусаллаҳона қатъ карда шуданд. Айни замон гурӯҳи кории муштараки ду кишвар аз ҳисоби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони мақомоти иҷроия таъсис ёфта, баҳри фароҳам овардани шароити мувофиқ ва ташкили музокироти судманд кор бурда истодааст.

-Мо барои бозшавии роҳҳо бо роҳбарияти вилояти Бодканд гуфтушунид анҷом додем ва ин мушкил низ ҳал хоҳад шуд,-иброз намуд Раҷаббой Аҳмадзода.

Роҳбари вилоят ҳамзамон аз сокинони наздимарзӣ даъват кард, ки ба иғвою эҳсосот дода нашуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Рӯзи Рӯдакӣ ботантана таҷлил карда шуд

Дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки Рустам Раҳматзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд, Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Аҳмадҷони Раҳматзод ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: