Сафари кории Пешвои миллат ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон

0
8 560 просмотров

Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба шаҳри Тошкенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Озода Эмомалӣ ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ Азамшо Шарифӣ, Вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмонали Усмонзода ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Манбаъ:АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нашествие ночных бабочек в Беларуси

Бесчисленное количество мотыльков вылетали и устремлялись к фонарям. Белорусский город Витебск атаковали ночные бабочки-поденки. Местные жители сняли видео, как улицы атаковали полчища мотыльков. Как сообщает ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: