Бузургтарин шабакаи иҷтимоии Facebook аксҳоро бе иҷозати Шумо ба несткунӣ оғоз мекунад.

0
3 297 просмотров

Facebook нақша дорад, ки санаи 7-уми июл ба нест кардани аксҳо аз албоми истифодабарандагон шурўъ намояд. Зери таъсири ин омил аксҳое қарор мегиранд, ки дар реҷаи автоматӣ бо iPhone ҳамоҳанг карда шудаанд, хабар медиҳад PhoneArena.

Соли 2012-ум истифодабарандагони iOS соҳиби функтсияи ҳамоҳангсозии аксҳо шуданд, ки суратҳои тариқи телефон аксбардоришударо бо профили худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook мутобиқ мекард. Аксҳо дар реҷаи автоматӣ дар албоми алоҳида нигоҳ дошта мешуданд.

Facebook эълон намуд, ки санаи 7-уми июл ин албомҳо барҳам дода мешаванд, яъне нест карда мешаванд. Онҳое, ки аксҳои ҳамоҳанг кардашударо бо профили худ дар шабакаи иҷтимоӣ нигоҳ доштан мехоҳанд, замимаи Moments-ро аз коркардчиёни Facebook барои Android ва iOS насб карда метавонанд.

Ҳатман суратҳои худро аз Facebook муҳофизат кунед, агар нусхаи онҳоро надошта бошед.

Дўстони худро дар шабакаи иҷтимоӣ дар ин бора огоҳ кунед, то ки онҳо аксҳои худро аз даст надиҳанд.

https://hi-tech.mail.ru/news/facebook-delete-photo/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сӯҳбати вазир аз 10 донишҷӯи дар Чин монда

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Мӯҳриддин дар рафти нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори Sputnik Тоҷикистон вазъи саломатии донишҷӯёни дар Вуҳани Чин мондаи тоҷикро ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: