Ҳодисаи нохуш бар асари афтидани сангпора

0
2 668 просмотров

Дар минтақаи шимолии Тоҷикистон ду нафар бар асари фаромадани сангпора ба ҳалокат расиданд.
Тавре ки сомонаи расмии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад,   29 май дар мавзеи «Работ»-и ноҳияи Айнӣ аз кӯҳ сангпора афтида, ба мошини тамғаи «ВАЗ-2121»  таҳти идораи ронанда, марди 25-солаи сокини ноҳияи Айнӣ бархӯрдааст.
Дар натиҷа худи ронанда ва мусофираш, марди 61-солаи сокини шаҳри Панҷакент ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Манбаъ: http://khovar.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Навсозии роҳҳо дар Хуҷанд идома дорад

Бо иштироки Раиси вилоят дар маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд, дар микроноҳияи 18-ум таъмири 1 километр роҳи байни биноҳои истиқоматӣ оғоз ёфт. Ин кор бо маблағгузории ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: