Маркази робототехникаи саҳроии австралиягӣ усули беҳамтои муосиргардонии истеҳсолоти хоҷагии қишлоқро тавассути роботҳо коркард намуд. Роботҳо моли чорпоро мечаронанд ва аз пасашон назорат мебаранд, хабар додааст The Next Web. Робот-чўпон Маркази робототехника аз соли 2014-ум инҷониб, аз болои робот-чўпон корбарӣ мекунад. Пештар ин гуна роботҳо Shrimp, яъне харчанги хурди баҳрӣ номбарӣ мешуданд. Роботро бо датчикҳои махсус муҷҳҳаз мекунанд. Бо ёрии он датчикҳо робот фаъолона аз пайи вазъи саломатии моли чорпо назорат мебарад. Инчунин он доимо сифати хоки чарогоҳро аз санҷиш мегузаронад. Санҷиш Маркази робототехникаи саҳроии австралиягӣ нақша дорад, ки моҳи оянда азсанҷишгузаронии роботҳоро оғоз намояд. Робот-чўпон дар фермаҳои гўшаву канори Австралия ба ҷои одамон кор хоҳанд кард. Азсанҷишгузаронии роботҳо ду сол идома меёбад.
Хватит ли еды растущему населению Земли
Ученые подсчитали, можно ли будет прокормить возрастающее население Земли к 2050 году. По прогнозам специалистов, к этому моменту оно увеличится более чем на два миллиарда ...


Нет комментариев