«Субҳи Ватан» 1,5 миллион қуттии шартӣ консерва истеҳсол мекунад

0
2 553 просмотров

Корхонаи консервабарории «Субҳи Ватан» дар шаҳри Исфара ба коркарди меваи мавсими имсолаи боғот шурӯъ намуд.

Роҳбарияти корхона тасмим гирифтааст, ки соли ҷорӣ якуним миллион қуттии шартӣ ва беш аз 30 номгуи консерваҳои мевагию сабзавотиро истеҳсол намоянд.

Дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолии корхона аз таъмири хушсифат бароварда шудаанду зарфу сарпӯшҳо ба миқдори зарурӣ захира гардидаанд. Барои харидории ашёи хом бо хоҷагиҳои боғпарварӣ ва сабзавоткории шаҳр ва навоҳии мухталифи вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ аҳдномаҳо ба имзо расидаанду барои содироти маҳсулот ба кишварҳои Русия ва Қазоқистон низ заминаҳои устувор гузошта шудаанд.

Дар ин бора Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Нодиртарин осори заргарон дар Осорхонаи миллии бостоншиносӣ маҳфузанд

Таърих Аввалин экспонтаҳои осорхона соли 1934 дар асоси бозёфтҳои бостоншиносии Базаи Тоҷикистонии Академияи Илмҳои Иттиҳоди  Ҷумҳурии  Шӯравии Сотсиалистӣ ҷамъ оварда шуда ба намоиш гузошта шуда буданд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: