Таҳдиди зани 42-сола ба маъшуқи ҷавонаш

0
2 503 просмотров
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зани 42-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дод, ки бо таҳдиди бадномкунӣ аз маъшуқи ҷавонаш 500 доллари амрикоӣ талаб кардааст.

Тибқи иттилои ин ниҳод зани муттаҳам моҳи декабри соли 2015 дар хонаи истиқоматиаш бо соҳибкори маҳаллӣ, марди 27-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муносибатҳои маҳрамона карда, баъдан бо таҳдиди паҳн намудани овозаҳои беобрӯкунанда аз ӯ 500-доллари амрикоӣ талаб намудааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, 21 апрел тахминан соати 13:00-дақиқа, ин занро дар назди бозори “Фаровон”-и ноҳия, ҳангоми гирифтани 4 ҳазор сомонӣ дастгир намуданд: “Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад”.

 

Манбаъ: http://www.ozodagon.com/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 28.11.2017

Имрӯз, 28 ноябр қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон барои 1 доллари ИМА 8.8300 сомониро ташкил медиҳад. Инчунин дар ташкилоти ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: