Тоҷикистон аз Россия дар бораи ваксинаи «Спутник V» маълумот гирифт

0
3 039 просмотров

Россия ба Тоҷикистон дар бораи ваксинаи «Спутник V» аз коронавирус маълумот додааст. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин бора имрӯз ТАСС бо истинод ба сардори Раёсати амнияти санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва кӯмаки фаврии тиббии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз Ҷаъфаров иттилоъ дод.

Ҷаъфаров зикр кардааст, ки маълумот тавассути каналҳои дипломатӣ дастрас шуд.

Ваксинаи «Спутник V» –ро   як гурӯҳи кории махсус меомӯзад ва сипас дар бораи хариди он тасмим гирифта мешавад.

ДАР АКС: Наврӯз Ҷаъфаров

Н. Ҷаъфаров инчунин иброз доштааст, ки ҳоло Тоҷикистон ваксинаи Pfizer (ИМА)-ро омӯхта истодааст ва инчунин иттилоъ дар бораи ваксинаи AstraZeneca (Бритониё)-ро интизор аст.

«Мо тамоми имконоти мувофиқ ба афзалиятҳои муайянкардаи кишварамонро баррасӣ хоҳем кард – таъсирнокӣ ва бехатарии ваксина бояд аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) сертификат шуда, инчунин интиқол аз кишвари истеҳсолкунанда ба Тоҷикистон осон бошад»,-таъкид кардааст Наврӯз Ҷаъфаров.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Встреча Посла Таджикистана с Генсеком ЛАГ

6 августа в Каире Генеральный секретарь Лиги арабских государств (ЛАГ) Ахмед Абуль Гейт принял Посла Республики Таджикистан в Египте Хусрава Нозири. Как сообщили в Министерстве ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: