Аз 1 то 9 январ вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон мулоқот мегузаронанд

0
3 584 просмотров

Мувофиқи дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 то 9 январи соли 2021 мулоқоти вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон сурат мегирад. Тибқи ин дастур, вакилони мардумӣ ба назди интихобкунандагони худ ба вилоятҳои Хатлону Бадахшону Суғд ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафар намуда, доир ба масъалаҳои рӯзмарраи мардум бо онҳо дидору гуфтугӯи корӣ анҷом медиҳанд.

Тавре котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар зарфи 9 рӯз вакилони Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон оид ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, суҳбат мекунанд. Инчунин вазъи сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, татбиқи сиёсати самараноки молиявӣ, ҷалби бештари сармоя, рушди устувори соҳибкорӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки тараққиёти мамлакат манзури интихобкунандагони мамлакат мегардад.

Вакилони мардумӣ зимни ҳар нишаст дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ ҳамзамон ба саволу дархости интихобкунандагон посух мегӯянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷашни Рӯзи Ҷаҳонии Дастшӯӣ!

Оё шумо дар бораи чунин рӯзи ҷашни Рӯзи Ҷаҳонии Дастшӯӣ шунидаед? Нашунидаед? Аммо чунин ид дар ҳақиқат вуҷуд дорад. Рӯзи ҷаҳонии дастшӯӣ ҳар сол 15 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: