Ҳусния 3 ҳазор сомонии “Агроинвестбонк”-ро баргардондааст

0
3 024 просмотров

Ҳусния, як донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 3 ҳазор сомонии “Агроинвестбонк”-ро дигарбора баргардондааст.

Ҳамкурсони Ҳусния Наврӯзова, ки дар курси дуюми факултаи журналистикаи ДМТ таҳсил мекунад, мегӯянд, дар “Агроинвестбонк” ба ҷои 300 сомонӣ ба ӯ 3 ҳазор сомонӣ додаанд.

Ҳусния Наврӯзова нақл кардааст, ки 27-уми март барои гирифтани маблағ, ки падараш равон кардааст, ба филиали “Агроинвестбонк” воқеъ дар назди бозори “Варзоб” меравад. Маблағро гирифта, дар ошхонае ҳисоб мекунад, ки 3 ҳазор сомонӣ аст.

Ҳамсабақонаш мегӯянд, ӯ ба падараш занг мезанад, падараш гуфтааст, ки 300 сомонӣ равон кардааст. Падар тавсия медиҳад, ки маблағи изофиро ба бонк баргардонад. Ҳамин тавр ин донишҷӯдухтар маблағи мазкурро дигарбора ба бонк баргардондааст.

Манбаъ: http://www.tojnews.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Анчир дарахти худруй аст

Дар Точикистон ду намуди анчир дар шакли худруй ва хам мазруъ парвариш карда мешавад. Дар шароити Точикистон анчир дарахти начандон калони хазонрез мебошад. Барги он панчашакли аз 3 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: