Об — сарвати бебаҳои табиат

0
8 151 просмотров

IMG_2759Рӯзи гузашта дар бинои Кохи матбуоти шаҳри Хуҷанд ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии об, ки ҳамасола санаи 22-юми март таҷлил карда мешавад, конфронси вилоятии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Об — сарвати бебаҳои табиат» баргузор гардид.

Дар конфронс кормандони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят, омӯзгорону донишҷуёни донишгоҳҳо ва дигар коршиносони соҳа иштирок намуданд. Иштирокчиён дар мавзӯи об ва ҳифзу эҳтиёти он баромадҳои муфид ва муассир
карданд. Сармутахассиси Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят Хуршед Саидов ва дигарон дар масъалаи захираи оби нӯшокии кишвар ва ҷаҳон ҳарф зада, масъалаҳои нави ҳалталабро ба миён гузоштанд. Зикр гардид, ки ҳар фарди ватандӯсту инсонпарвар вазифадор аст обро чун сарвату сарчашмаи ҳаёт пок нигоҳ дорад ва ба исрофкорӣ ҳаргиз роҳ надиҳад.

Шодмон Ашӯров,

Медиапортали «Тироз»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бородач

Название Бородач год 2016 страна Россия слоган «Понять и простить» режиссер Заур Болотаев сценарий Семен Слепаков, Гарик Мартиросян, Артем Сизых, … продюсер Семен Слепаков, Александр ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: