Шоҳмотбози беҳтарини Хуҷанд муайян гардид

0
4 559 просмотров

Дар чойхонаи Сирдарё»-и маркази вилоят мусобиқаи шаҳрӣ байни шоҳмотбозон доир гардид. Мақсади баргузории ин чорабиниро масъулини соҳа тарғиби бозии шоҳмот байни сокинон, баланд бардоштани маҳорати ҳавасмандони ин намуди бозӣ ва пойдории иртиботи доимӣ байни ҳаводорони бозии шоҳмот арзёбӣ намуданд.

Дар мусобиқа 24 нафар шаҳрвандони синну соли гуногуни шаҳри Хуҷанд ширкат намуда, маҳорати шоҳмотбозии худро тибқи системаи «олимпӣ» намоиш доданд. Баъди  се даври мусобиқа ҷойи аввал  насиби Анвар Алиев, ҷойи дуюм насиби Ҳайдархон Бақоев ва ҷойи сеюм бошад насиби Маъруф Иномҷонов гардид.
Ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд супорида шуд.

Манбаъ: http://khujand.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Завершен тренировочный сбор в Китае

Национальная сборная Таджикистана завершила краткосрочный учебно-тренировочный сбор, который проходил в китайском городе Чанша, сообщает официальный сайт ФФТ. Накануне сборная страны провела заключительную тренировку в Чанше. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: