Боздошти кормандони ВКД барои нашъаҷаллобӣ

0
4 522 просмотров

Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ дар ҳамдастӣ бо марзбонон рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта зимни интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддири ҳашиш ба Душанбе аз ноҳияи Шӯроободи ҳаммарз бо Афғонистон чор нафар кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро боздошт намуданд.

Тавре як манбаъ аз сохторҳои қудратӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, вазни софи маводи нашъаовари аз онҳо мусодирашуда 56 килоро ташкил додааст.

Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшудагон Прокуратураи генералии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Аз ифшои ному насаб ва рутбаҳои кормандони милисаи боздоштшуда сарчашмаи хабар худдорӣ варзид.

Манбаъ: http://news.tj/tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

Объем торговли с другими членами ШОС увеличился

Объем товарооборота между Таджикистаном и другими странами-членами Шанхайской организации сотрудничества за восемь месяцев текущего года увеличился, кроме Индии. По статистическим данным, объем товарооборота со странами-членами ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: