Заҳролудшавии аъзои як оила дар Кӯлоб

0
3 293 просмотров

Рӯзи 4-уми январи соли равон тахминан соати 16:30-дақиқа дар хонаи истиқоматиашон, сокинони маҳаллаи Борбади шаҳри Кулоб: Бадараева Шарифамоҳ Бедиловна соли таваллудаш 1954, бо ҳамроҳии фарзандонаш; Одинаева Гулчеҳра Саидовна соли таваллудаш 1984, Одинаев Рустам Саидович соли таваллудаш 1989, Одинаева Тоҷиниссо Саидовна соли таваллудаш 1983, Одинаев Амирхон Саидович соли таваллудаш 1985 ва набераи ноболиғаш, Кабирова Гулнисо Аюбовна соли таваллудаш 2007, ҳангоми истеъмол намудани хӯрок ва хурришҳои аз помидору бодиринг шуркардашуда,  заҳролуд шудаанд. Дар натиҷа, рӯзи 5-уми январ шаҳрванд Одинаева Гулчеҳра бинобар сабаби заҳролуд шудан, дар хонаашон ба ҳалокат расидааст. Рӯзи 6-уми январ бошад, дигар аъзои оила дар ҳолати вазнин, дар беморхона бистарӣ шудаанд. Худи ҳамин рӯз Бадараева Шарифамоҳ. дар беморхона ба ҳалокат расида, ноболиғ, Кабирова Гулнисо баъди расонидани ёрии аввалини тиббӣ аз беморхона ҷавоб шуда, дар хонаашон ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти ВКД. Ҷ.Т хабар доданд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 09.08.2023

 Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар намудааст: 1 доллари ИМА — 10.9373 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: