475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ таъмин карда шудаанд

0
2 006 просмотров

Имрӯз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронӣ ба ифтихори 25-солагии таъсисёбии Гвардияи миллӣ зикр намуданд, ки «Дар тӯли 25 сол 475 оилаи хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо манзили истиқоматӣ ва 65 оила бо қитъаҳои замин барои сохтмони хона таъмин карда шудаанд. Ғайр аз ин, ҳоло барои хизматчиёни ҳарбӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд сохтмони 10 хона ва дар ноҳияи Рӯдакӣ сохтмони бинои дуошёнаи дорои 24 ҳуҷра идома дорад».

Президенти мамлакат ҳамчунин ба хизматчиёни ҳарбии гвардия, ки паҳлу ба паҳлу бо дигар сохторҳои низомии мамлакат дар барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот ва ҳаёти осоиштаи мардуми Тоҷикистон саҳми арзишманд гузоштаанд,  миннатдорӣ  намуданд.

«Хизмати содиқонаи афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат ҳамеша қадрдонӣ гардида, то имрӯз 300 нафар афсарону сарбозон бо мукофотҳои давлатӣ ва 13 нафар бо рутбаҳои олии ҳарбӣ сарфароз гардонида шудаанд»,- таъкид намуданд Пешвои миллат.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тоҷикистон қадамҳои устувор ба сӯи тиҷорати байналмилалии электронӣ мегузорад

Тоҷикистон ба сӯи тиҷорати байналмилалии электронӣ қадамҳои устувор мегузорад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: