Тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид аз 21 декабр, сарфи назар аз шакли моликият, тамоми толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ аз 1 то 31 январи соли 2016 ба таътили зимистона мебароянд. Тавре аз Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ дар ин робита иттилоъ доданд, дар ин фармоиш вазир ба ҳамаи роҳбарони раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилояту шаҳр ва ноҳияҳо, ҳамчунин директорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастур додааст, ки дар вақти таътили зимистона барои толибилмоне, ки дар озмуну олимпиадаҳои фаннӣ иштирок мекунанд, машғулиятҳои иловагӣ ташкил намоянд. Вазир ҳамчунин супориш додааст, ки рӯйхати адабиёти бадеиро, ки хонданаш ба толибилмони мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар давраи таътили зимистона тавсия дода мешавад, тартиб диҳанд. Дар ин бора news.tj хабар медиҳад.
Производство автомобилей от UzAuto Motors в Таджикистане
Cоглашение о создании совместного предприятия Auto Motors Tadjikistan по производству легковых автомобилей UzAuto Motors было подписано в рамках первого таджикско-узбекского инвестиционного форума в городе Бохтар ...


Нет комментариев