Ҳизби демократи Тоҷикистон номзади худро ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон кард

0
2 172 просмотров

Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар анҷумани XVI- уми ғайринавбатии  Ҳизби демократи Тоҷикистон Раиси ҳизби мазкур, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷаъфар Усмонозода номзад ба мақоми Президенти Чумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ  медиҳад, ки бо овоздиҳии  якдилонаи вакилони анҷуман, ки иборат аз 71 нафар буданд, Саидчаъфар Усмонзода номзад ба макоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.

Дар анҷуман номбурда маъруза карда,  афзуд,ки ҳадафи асосии ҳизби мазкур рушди Тоҷикистон аст. Аз ин рӯ, дар барномаи пешазинтихоботии ҲДТ барои иштирок дар сабқати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои сиёсӣ, иктисоди, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва амнияти миллӣ баррасӣ гардиданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Чи тавр бояд чашми худро эҳтиёт кард

Утоқи кор ё хоби худатонро ҳамеша мартуб нигаҳ доред ва истифода аз дастгоҳҳои бухори сард беҳтарин гузина барои пешгирӣ аз хушк шудани ҳавои утоқ аст. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: