Дар Тоҷикистон истеҳсоли шифер зиёд гардидааст

0
1 880 просмотров

Дар ҳафт моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 718,6 ҳазор дона шифер ба маблағи 21,8 миллион сомонӣ истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 184,7 ҳазор дона зиёд аст. Дар ин бора аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Арзиши аслии шифер 32,6 сомониро ташкил дода, нархи он бо назардошти андозҳо ва даромаднокӣ дар корхона 41,0 сомонӣ мебошад.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ 10 корхонаи истеҳсоли шифер фаъолият доранд. Имсол 2 корхонаи нави истеҳсоли шифер–ҶММ «Восеъ саноат» дар ноҳияи Восеи вилояти Хатлон ва ҶММ «Хизир Назар» дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд мавриди истифода қарор гирифтанд.

Инчунин бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳри Бӯстон дар заминаи ҶДММ «Воситзода» коргоҳи истеҳсоли шиферҳои асбестӣ бо иқтидори солонаи 250 ҳазор дона бо фарогирии 25 нафар коргарон ба фаъолият оғоз намуд. Бо назардошти фаъолияти мунтазами корхонаҳои мазкур истеҳсоли шифер зиёд гардида, воридоти он коҳиш меёбад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Британия криптовилосипед сохтанд

Ширкате, ки ба фурӯши электро-аробаҳо машғул мебошад, харидоронро бо имкони майнинг (даромад), ҷалб мекунад. Лекин даромад на онқадар зиёд. Майнинги крипто-асъор ҳарчанд мушкил шуда истодааст, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: