Телевизиони вилояти Суғд 25-сола шуд. Пагоҳ дар Кохи фарҳангии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии маркази вилоят, ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии телевизион чорабинии тантанавӣ баргузор хоҳад гардид. Тавре маркази иттилооти дастгоҳи Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ роҳбарияти вилоят, меҳмонон ва гурӯҳи васеи рӯзноманигорону қаламкашон ширкат хоҳанд варзид. Телевизиони вилояти Суғд 15 декабри соли 1990 таъсис ёфта, аз аввалин телевизионҳои вилоятӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ маҳсуб мешуд.
Аз соли 2007 инҷониб барномаҳои телевизиони вилоят ба пахши ҳаштсоата гузашта, сол аз сол сифати техникии пахш ва фарогирии он бомаром беҳтар мегардид. Ҳоло теъдоди тамошобини телевизиони вилоятӣ беш аз 1,5 млн нафарро ташкил медиҳад. Sugd.tj
Facebook дар iOS метавонад камераро дар iPhone пинҳонӣ фаъол созад
Масъалаи дигар бо Facebook. Ин дафъа корбари Интернет дарёфт кард, ки барномае, ки ба системаи iOS бор карда шудааст,ки номаълум камераеро дар iPhone фаъол мекунад. ...


Нет комментариев