Мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 бо кадом дастаҳо рақобат мекунад?

0
5 462 просмотров

Дастаи мунтахаби футболбозони ҷавони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод-2016 бо дастаҳои Латвия, Русия ва Эстония рақобат мекунад. Ин натиҷа бар асоси қуръакашии мусобиқаи 24-уми байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2016 муайян гардид. Ин мусобиқа аз 16-ум то 24-уми январи соли 2016 бо ширкати 8 даста, ки ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд, дар Маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский»-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегардад. Ба мусобиқа бозигарони соли таваллудашон на аз 1994 боло роҳ дода мешаванд. Барои ба даст овардани Ҷоми Иттиҳод-2016 дастаҳои мунтахаби ҷавонони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва, Молдова, Русия, Тоҷикистон ва  Эстония мубориза мебаранд. Дар ин бора news.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Изобретения от Илона Маска, изменившие мир

Говорят, что природа отдыхает на детях талантливых людей. Но Илону Маску удалось даже превзойти своих родителей и добиться небывалых высот. Некоторые считают его гением, который ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: