Як қатор қонунҳо аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонида шуданд

0
1 987 просмотров

Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даҳ қонун ба имзо расонида шуд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Дар бораи сайёҳӣ», «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» аз ҷумали онҳо мебошанд.

Қонунҳои номбурда барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ, рушди сайёҳӣ, соҳибкорӣ, фаъолияти бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи хизматрасониҳои пардохтӣ ва дар маҷмуъ барои пешрафти минбаъдаи кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум равона шудаанд.

Қонунҳо дар матбуот чоп мешаванд.

 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷаҳонгарди амрикоӣ: шефтаи Хуҷанд гардидам

Блогнависи амрикоӣ Дрю Бинскиро табиат, фарҳанг ва меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон  хеле шефта кардааст.  Дар ояндаи наздик Осиёи Марказӣ ба далели ҷаззобияти табиату фарҳанг ва дастрасии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: