Интиқоли ҷасади 50 шаҳраванди Тоҷикистон тавассути мошини махсус аз Россия

0
1 708 просмотров

Санаи 16 июн 50 ҷасади ҳамватанони марҳум тавассути мошини махсус аз Россия ба Тоҷикистон интиқол дода шуд.

Сафорати Тоҷикистон дар Россия  аз ҳамватаноне, ки дар амали хайрхоҳона бо Намояндагии дипломатӣ дар ҳамкорӣ буданд, изҳори ташаккур ва миннатдорӣ намуд.

Ҳамчунин бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти соҳавии давлатҳое, ки аз қаламравашон интиқоли ҷасадҳо сурат мегирад, дархостҳои расмӣ ва дигар корҳои ҳуҷҷатгузорӣ фаврӣ анҷом дода шуд.

«Намояндагии дипломатии Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар Россияро мавриди пайгирии ҳамешагӣ қарор дода, ба маҳзи беҳтар шудани вазъи беҳдоштию эпидемиологӣ дар кишварҳои минтақа, роҷеъ ба барқарор гардидани имкониятҳо барои рафтуомади шаҳрвандон иттилоъ хоҳад дод»,- хабар медиҳад манбаъ.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дил ба даст овар, ки Ҳаҷҷи Акбар аст

Амалҳои хайру эҳсон дар моҳи Шарифи Рамазон яке суннатҳои мардуми мо ба ҳисоб меравад. Дар паёми телевизионии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: