Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар сарҳади давлатии Қазоқистон ва Ӯзбекистон дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд

0
1 841 просмотров

Шоми 2 июни соли равон 237 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бинобар баста будани марзҳо дар гузаргоҳи «Жибек Жоли»-и байни сарҳади давлатии Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муваққатан дармонда буданд, ба Ватан баргардонида шуданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба мақомоти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷиҳати мусоидати фаврӣ дар ташкили долони бетамоси транзитии мустақим дар қаламрави он кишвар барои интиқоли шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон миннатдории самимӣ изҳор медорад.

Ҳамзамон Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти Ҷумҳурии Қазоқистон ҷиҳати таъмини шароит барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади убури бемамониати сарҳад сипоси беандоза баён менамояд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

В США скончался «пятый битл»

Причиной смерти Энди Уайта стал инсульт. 9 ноября в Нью-Джерси скончался шотландский барабанщик Энди Уайт, принимавший участие в записи сингла The Beatles «Love me do», ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: