Фаъолияти ташхисгоҳи нави вирусологӣ дар шаҳри Хуҷанд

0
1 842 просмотров

Дар бинои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд ташхисгоҳи нави вирусологӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Дар маросими кушодашавии ташхисгоҳ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд. Иттилоъ дода шуд, ки ташхисгоҳи мазкур бо мақсади муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19 дар заминаи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилояти Суғд таъсис дода шуд. Ҳамзамон, имкон дорад, ки  дар ташхисгоҳ  дар як шабонарӯз то 150-200 таҳлил гузаронида шавад.

Мутахассисони ташхисгоҳ дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи тиббии профилактикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз курси махсуси омӯзишӣ гузаштаанд. Дар оянда низ дигар кормандони озмоишгоҳ дар ин муассисаи тиббӣ марҳила ба марҳила тарзу усули гузаронидани таҳлилҳоро меомӯзанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода гуфт, ки фаъол гардидани чунин озмоишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд барои зудтар муайян кардани мубталошавии аҳолӣ ба бемориҳои сироятӣ, махсусан  COVID-19-ро метезонад.

Бино ба таҳлили коршиносони соҳаи тиб, барои мубориза бо бемории короновирус, қабл аз ҳама, муайян намудани беморӣ ба воситаи ташхис муҳим буда, кори табибонро то андозае осон ва барои дурнамои табобати муваффақона мусоидат мекунад.

То имрӯз намунаи таҳлили гумонбарони бемории COVID-19 барои ташхис ба шаҳри Душанбе фиристода мешуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

НБО «Роғун» — иншооти бузурги аср

Роғун — шаҳрест дар Тоҷикистон. Ин шаҳр маркази маъмурии ноҳияи Роғун мебошад. Аҳолиаш дар соли 2015 тақрибан 15000 нафар аст. Дар айни замон дар ин ноҳия ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: