Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай

0
2 993 просмотров

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон собиқ Раисҷумҳури Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзайро, ки бо сафари дӯстона ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба рушду густариши муносиботи дӯстӣ ва ҳамсоягии накуи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ шуд.
Зимни суҳбати дӯстона доир ба мавзӯъҳои гуногуни вобаста ба муносиботи ду давлати ҳамсоя ва мардумони ҳамфарҳанги онҳо, авзои кунунӣ ва дурнамои Афғонистон ва таъсири он ба минтақа ва ҳамчунин атрофи масоили дигари минтақавию ҷаҳонӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.
Тавре таъкид гардид, барои ҳифзи суботу оромӣ дар минтақа, тарғиби фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва пешгирӣ аз амалҳои номатлуби ҷомеа чун терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир аз ҳамаи имкону захираҳои мавҷуда фаъолона истифода бояд бурд.

Манбаъ: http://khovar.tj

Нет комментариев

Также рекомендуем

Epson WorkForce WF-100: принтери мобилӣ

Ширкати Epson “принтери хурдтарини ҷаҳон”-ро (байни принтерҳои “струйный”-и то 399 доллара) муаррифи кард. Аслан намуди WorkForce WF-100 ба мутахассисионе, дар сафар ҳастанду, тез-тез маводҳои худро ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: