Нигаронӣ аз афзоиши садамаҳои нақлиётӣ

2
4 561 просмотров
Акс аз: www.pressa.tj

Акс аз: www.pressa.tj

Содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди ноҳияи Конибодом бо иштироки ронандагону пиёдагардон аз аввали соли равон  инҷониб афзудааст. Дар давоми 11 моҳи соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди ноҳияи мазкур 22 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ рух додааст, ки дар натиҷа наздики 10 нафар ҳалок гардида, 12 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст. Дар маҷмӯъ,  аз оғози соли равон дар роҳҳои нақлиётгарди шимоли кишвар дар натиҷаи садамаҳои нақлиётӣ  326 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 112 нафар ба ҳалокат расида, 344 нафари дигар ҷароҳати гуногун бардоштааст.

Дар ин бора  аз маркази матбуоти шӯъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд  иттилоъ медиҳанд.

2 comments

  1. Биение сердца 19 Декабрь, 2014 at 22:16 Ответить

    Ман ба хамаи ронандагон хохиши калон дорам ки дар вакти рондани мошин ба коидахои харакати рох риоя намоянд ,хаёти худро ва хаёти дигаронро зери хатар нагузоред илтимоси калон ба ронандагони чавон

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз 13.12.2017

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 13 декабр  қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8223 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: