Комиссияи танзим кори худро ҷоннок менамояд

0
3 541 просмотров

Баҳри иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов бо иштироки аъзоёни комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии шаҳр ҷаласаи корӣ баргузор гардид.

Муовини раиси шаҳр Киромуддин Мухторов зимни суханронӣ аз дастуру супоришҳои Раиси вилоят, ёдовар шуда аъзоёни комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар шаҳрро вазифадор намуд, ки баҳри риояи қонунҳои ҷорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ва роҳ надодани қонуншиканӣ дар баргузории туйу маъракаҳо ва маросими дафн кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Маврид ба зикр аст, ки минбаъд баргузории чунин ҷаласа ба тарзи доимӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин бора http://sugd.tj/index.php/tj/navidi-sugd/5286-kom-tanzim хабар медиҳад.

 

Нет комментариев

Также рекомендуем

Кӣ ва чаро аз ҷоизаи нобел даст кашид?

Ба ҳама сокинони сайёра окшор аст, ки бонуфузтарин ва гаронтарин муокофт Ҷоизаи нобелӣ буда, барои дастовардҳои назаррас ва саҳми арзанда дар соҳаҳои физика, химия, физиология ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: