Бӯстон:Баргузории озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир”

0
2 296 просмотров

Бахшида ба “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар шаҳри Бӯстон даври шаҳрии озмуни “Шириниҳои миллӣ ва муосир” баргузор гардид.

Озмуни мазкур бо мақсади ҳавасмандгардонӣ, ҷалби занони ҳунарманду кадбонуҳои соҳибзавқ, баланд бардоштани маҳорати пазандагӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ ва эҳёи шириниҳои миллӣ доир гардида, дар он 10 нафар кадбонуҳо аз ташкилоту муассисаҳо ширкат варзиданд.

Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон дастаи шуъбаи маориф сазовори ҷойи аввал, дастаи Мактаби Президентӣ сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Ба ғолибони озмун туҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр тақдим карда шуд.

Манбаъ:Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Машқҳо барои пӯсти гардан ва рӯй

Одатан  мо дасту пой ва тахтапуштро маҳс мекунему вале ба маҳси гардан ва мушакҳои рӯй аҳамият намедиҳем. Аз лавозими ороишӣ (косметика) барои рӯю гардан бисёр истифода ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: