Таҷрибаи Россия ва давлатҳои хориҷӣ дар самти баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо

0
2 448 просмотров

Имрӯз, 13 ноябр дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои намояндагони сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои олии таълимӣ дар мавзӯи «Таҷрибаи Россия ва давлатҳои хориҷа дар самти баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо» семинар баргузор гардид.

Дар оғози семинар муовини Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷиддин Ҷӯразода сухан карда, мақсади баргузории чунин семинарро ба муаррифии таҷрибаи Россия ва давлатҳои хориҷӣ роҷеъ ба имкониятҳои сармоягузории минтақаҳо вобаста намуд.

Сипас директори Ассотсиатсияи рушди класстерҳо ва технопаркҳои Федератсияи Россия Андрей Шпиленко дар бораи таҷрибаи Россия ва давлатҳои хориҷӣ дар самти баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳо маърӯза кард.

Мавриди зикр аст, ки семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо Барномаи рушди СММ ташкил карда шуд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Иқбол Темурходжаеви 12 сола дар ТОП-и mail.ru

Портали интернетии Mail.ru дар бораи дастовардҳои панҷ наврас дар соҳаи барноманависи маводе дарҷ намуд. Дар номгӯи чунин наврасони болаёқат исми Иқбол Темурхоҷаеви 12 сола низ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: