Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод

0
2 376 просмотров

Субҳи имрӯз сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон оғоз ёфт ва нахуст аз маросими оғози таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод шурӯъ шуд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Муъминобод нахуст аз иштирок дар маросими Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод” оғоз кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Бино бар иттилои манбаъ, масъулин ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки тарҳи мазкур дар доираи марҳилаи сеюми “Таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгард дар Тоҷикистон” амалӣ карда мешавад.

Иҷрои ин лоиҳа, 214,4 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Таъмиру навсозии 35 километр роҳ ва таҷдиди 6 пул низ дар доираи ҳамин лоиҳа сурат хоҳад гирифт.

Тавре манбаъ қайд намудааст роҳи автомобилгади Кӯлоб-Муъминобод аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта, давоми солҳои зиёд навсозӣ нашуда буд. Аз ин рӯ, ҳолати имрӯзаи ин роҳ ба талабот ҷавобгӯ нест ва боиси масрафоти зиёди роҳистифодабарандагон низ мегардид.

Дар асоси дастуру раисҷумҳур, таҷдиди ин қисмати роҳ оғоз гардид, ки нишонаи возеҳи татбиқи муваффақонаи стратегияи баровардани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани ҷумҳурӣ ба қаламрави воҳиди транзитӣ арзёбӣ мегардад.“Бояд зикр кард, ки ноҳияи Муъминобод аз минтақаҳои муҳими сайёҳии ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, яке аз мавзеъҳои ташрифи сайёҳони хориҷӣ маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, ташкили инфрасохтори сайёҳиву бунёди роҳҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои ҷаҳонӣ кафолати ҷалби бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад”, — зикр намудааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки аснои иштирок дар маросими оғози Лоиҳаи “Таҷдиди роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод”, Эмомалӣ Раҳмон масъулонро барои бо суръату сифати баланд анҷом додани сохтмону азнавсозии роҳи мазкур вазифадор кард.

Манбаъ: Sputnik-tj.com

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ гардид

Тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея дар бахши сайёҳӣ зимни мулоқоти роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи мазкур хабар медиҳад. Дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: