Ду соат дар дохили ях

1
5 648 просмотров

Чен Кесаи –рекордсмени чинӣ бо рафиқи худ, бо номи Ҷин Сонгхао дар соли 2011—ум доир ба зиёд истодан дар даруни ях рекорди нав гузоштаанд. Ин хеле ҳайратовар аст  ва дар ҳақиқат ҳам Чен ва Ҷин ба даруни пораҳои ях даромада, дар он яке аз онҳо 188-ум  дақиқа ва дигаре 120 дақиқа истода тавонистанд. Бо ин амали худ ду нафар чинӣ рекорди нав гузошта, қаноатмандона боз ба корҳои худ баргаштанд.

Чен Кесаии 52 сола ва Ҷин Сонгхаои 54 сола  дар музофоти Хунани далати Чин зиндагӣ мекунанд. Вақте, ки ин ду нафар дар даруни ях буданд, яхпораҳо гарданашонро низ пӯшонида буданд.

Ба даруни хоначаи шишагини яхдошта табибон асбоби ченкунии ҳаракати дилро насб карда буданд, то ки аз таппиши дили ин дунафар чинӣ бохабар бошанд. Ин шоуро тамошобинони зиёд назора мекарданд. Вақте, ки 30 дақиқа гузашт, тамошобинон барои ду нафар чинии дар дохили ях карордошта хело дар воҳима афтоданд. Аммо вақт мегузашту дар онҳо ягон нишони изтироб ва ё яхкунӣ ба назар намерасид.

Дар натиҷа Чен Кесаи 118 дақиқа дар дохили ях истода тавонист, Сонгхао  бошад, боз каме зиёдтар, 120 дакиқа. Ҳамин тавр номи ин ду нафар дар таърихи дастовардҳои ҷаҳонӣ сабт карда шуд.

1 comment

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Правила съема: Метод Хитча

год 2005 страна США слоган «The cure for the common man» режиссер Энди Теннант сценарий Кевин Биш продюсер Джеймс Ласситер, Уилл Смит, Тедди Зи, … ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: