6 медали варзишгарони тоҷик дар Ашқобод

0
6 052 просмотров

Дар шаҳри Ашқободи Ҷумҳурии Туркманистон  5-ум Бозиҳои Осиё  дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ оғоз гардида, дар рӯзи аввал мусобиқот оид ба ҷиу-ҷитсу (сабқатҳои омехта) ва гуштини камарбандӣ (тарзи озод) баргузор шуд, ки варзишгарони мо соҳиби 6 медали биринҷӣ гардиданд. Дар намуди ҷиу-ҷитсу ду ҷуфти варзишгарони тоҷик – Фирдавс Шарипов/Фирдавс Абдуманонов (миёни мардон) ва Нигора Юсупова/Фирдавс Абдуманонов (ҷуфти омехта) сазовори ҷои сеюм шуданд. 4 медали дигарро варзишагрони мо дар намуди гуштини камарбандӣ ба даст оварданд: Самандар Эрназаров (+100 кг), Фаридун Қурбонов (-57 кг), Наврӯззода Анушервон (-90 кг) ва Маматқулов Абдураҳмон (-100 кг).

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

М-Банкинг аз ТАҚХ «ИМОН»

Дар баробари дигар бонкҳо, «ИМОН ИНТЕРНЕШНЛ» хизматрасонии банкинги мобилиро барои ба роҳатии мизоҷони худ пешниҳод мекунад. Акнун истифодаи маблағҳои худ ба намуди электронӣ хеле қулай гардид. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: