Маблағи рекорди барои Килиан Мбаппе

0
2 515 просмотров

Ҳамлагари ҷавони тими “Монако” Килиан Мбаппе эҳтимол аст, ки дар кӯтоҳтарин муддат дастаи “Монако”-ро ба бошгоҳи шоҳонаи “Реал Мадрид” иваз намояд. Дастаи Реал Мадрид аллакай бо қаҳрамони феълии Фаронса барои ба даст оварданӣ Мбаппе гуфтушунид анҷом дод. Маблағи гузариш 160 млн евро муқаррар шудааст. Дар сурати ба даст овардани комёбиҳои мухталифи варзишии Мбаппе дар “Реал” “Монако” боз 20 млн еврои дигар ба даст меорад. Қаблан хабар дода шуда буд, ки “Реал” омодааст, ки бо футболбоз дар муддати 6 сол шартнома ба имзо расонад. Дар сурати гузариши Мбаппе ба “Реал” дар як сол 6-7 млн евро ба даст хоҳад овард. Дар мавсими гузашта, Килиан дар 44 бозӣ вориди майдони рақобат шуда, ба задани 26 гол ва 14 партофти головар даст ёфтааст.

 

Манбаъ: сомонаи расмии телевизиони «Варзиш»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Тоҳир Каримзода бо Муриват Маликшоев

Сардори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Каримзода бо раиси ҷамъияти миллӣ — фарҳангии тоҷикон бо номи «Ҳамватан»-и вилояти Иркутск ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: